Барқияи тасаллияти Раҳмон ба сарвари давлати Чин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба содир шудани амали террористӣ дар шаҳри Урумчӣ ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари содир шудани амали террористӣ дар яке аз бозорҳои Урумчиро, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар афроди […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба содир шудани амали террористӣ дар шаҳри Урумчӣ ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари содир шудани амали террористӣ дар яке аз бозорҳои Урумчиро, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар афроди бегуноҳу осеб дидани мардуми сершумор шуд, мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи беандоза қабул карда, онро маҳкум менамоянд.

«Ин амали даҳшатнок бори дигар зарурати таъҷилии муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муқовимати пурсамар бо терроризми байнулмилалӣ ва аз байн бурдани шароитҳои мусоидаткунанда барои пайдоиш ва паҳншавии онро собит месозад», – гуфта мешавад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардуми тоҷик ба ҳамаи наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар хостааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 22-юми май афроди номаълум дар ду автомашина ба бозори назди боғи Жэнмини шаҳри Урумчӣ ворид гардида, ба издиҳоми одамон маводи тарканда партофтанд, ки дастикам 31 нафар кушта ва 90 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.