КМИР ба таҳияи дастурҳо барои интихоботи парлумонӣ шурӯъ кард



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба таҳияи дастурҳо барои баргузории маъракаи интихоботи парлумонии зимисстони соли оянда шурӯъ кард.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамин ҳафта дар ҷаласаҳои Комиссия ворид намудани тағйироту иловаҳо ба дастурҳо «Дар бораи комиссияҳои интихоботии қитъавӣ», «Дар бораи комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ», «Дар бораи номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон», «Дар бораи тартиби баррасии арзу шикоят» тасдиқ карда шудаанд.

Дар идома ӯ зикр кард, ки айни замон КМИР ба омода намудани дастур «Дар бораи санҷиши номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон оид ба донистани забони давлатӣ» машғул аст.

«Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад», – хотиррасон кард Додоев.

spot_imgspot_img

Популярное