Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқро, ки субҳи имрӯз бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот раисони палатаҳои поёнии парлумони Покистон ва Тоҷикистон масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ ва рушди ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байнулмилалиро баррасӣ карданд.
«Ш.Зуҳуров ҳамтои покистонии худро бо сохтор ва ваколатҳои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон шинос намуда, зикр кард, ки парлумонҳои ҳарду давлат дар ҳалли мушкилот дар бахшҳои энергетика, коммуникатсия, бахши кишоварзӣ ва ноил гардидан ба сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи Афғонистон нақши муҳим бозида метавонанд», – таъкид дошт Султонов.
Ба гуфтаи ӯ, Зуҳуров зикр кардааст, ки парлумонҳои Тоҷикистону Покистон барои суръат бахшидан ба амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки транзити нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро таъмин месозад, метавонанд мусоидат намоянд.
« Раиси палатаи поёнии парлумони Покистон қайд кард, ки кишвараш ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Тоҷикистон манфиатдор буда, таъкид дошт, ки тамоми созишномаву қарордодҳои миёни кишварҳо баимзорасида бояд амалӣ шаванд, зеро онҳо пеш аз ҳама, ба рушду Покистон ва Тоҷикистон равона шудаанд», – афзуд манбаъ.



