Огоҳии КҲФ дар робита ба оғози мавсими оббозӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ вам Г)-и назди ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба оғози мавсими нави оббозӣ шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад. Сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар муроҷиатномаи қабулкардаи Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар зикр мегардад, […]



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ вам Г)-и назди ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба оғози мавсими нави оббозӣ шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад.

Сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар муроҷиатномаи қабулкардаи Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар зикр мегардад, ки бинобар сабаби ба таври назаррас гарм шудани обуҳаво, болоравии босуръати сатҳи об дар рӯдхонаҳо ба мушоҳида мерасад.

«Аз падару модарон даъват дорем, ки ба кӯдакон ва ташкили истироҳати онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба оббозӣ кардани онҳо дар каналу кӯлҳои чуқур ва дарёҳои кӯҳӣ роҳ надиҳанд», – қайд кард Нозимов.

Ба гуфтаи ӯ, давоми соли гузашта дар дарё ва кӯлҳои Тоҷикистон 124 нафар шаҳрвандону меҳмонони кишвар ғарқ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.