Кумаки IFC барои беҳбуди сифат ва бехатарии маҳсулоти ширкати «Амирӣ»

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC), узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалҳои ҷорисозии меъёрҳои байнулмилалии самаранокии захираҳо, сифат ва бехатарии маҳсулот ба ширкати қаннодии «Амирӣ»-и Тоҷикистон машварату тавсия  пешниҳод карданист. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, корхонаи қаннодии «Амирӣ» аз ҷониби гурӯҳи ширкатҳои «Таҷеро», ки воридкунанда ва дистрибютери маҳсулоти ғизойӣ ба Тоҷикистон аст, таъсис дода […]



Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC), узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалҳои ҷорисозии меъёрҳои байнулмилалии самаранокии захираҳо, сифат ва бехатарии маҳсулот ба ширкати қаннодии «Амирӣ»-и Тоҷикистон машварату тавсия  пешниҳод карданист.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, корхонаи қаннодии «Амирӣ» аз ҷониби гурӯҳи ширкатҳои «Таҷеро», ки воридкунанда ва дистрибютери маҳсулоти ғизойӣ ба Тоҷикистон аст, таъсис дода шудааст. Ба туфайли қарзи гирифта аз IFC ба маблағи 1,3 млн. $ соли 2011 ширкат ба фаъолият оғоз кард. Дар бозори Тоҷикистон айни замон ширкати «Амирӣ» яке аз пешсафон буда, ба харидорон маҳсулоти навъҳои гуногуни иборат аз зиёда аз 40 номгӯи конфету шоколадҳоро пешниҳод мекунад.

Айни замон ширкат дар як моҳ 80 тонна конфет истеҳсол мекунад. Дар робита ба афзоиши талабот ба маҳсулоти ширкат ва мутаносибан тавсеъаи ҳиссаи он дар бозор, имсол раҳбарияти ширкати «Амирӣ» афзоиши ҳаҷми истеҳсолот то 100 тонна дар як моҳро дар нақша дорад.

Тибқи ин нақша, ширкат ба ифтитоҳи коргоҳи нав дар давоми моҳ омодагӣ мегирад, ки ба афзоши ҷойҳои корӣ имкон медиҳад. Айни замон дар ширкати «Амирӣ» 70 нафар машғули кор буда, бо ташкили коргоҳи нав боз 30 нафари дигар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Ба гуфтаи директори ширкати «Амирӣ» Саида Мирозорова,муддати 5 соли минбаъда ширкат ният дорад, ки боз як корхонаи қаннодӣ бисозад, ки ба оғози содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон шароити мусоид фароҳам меоварад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.