Сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон

Президенти Латвия Андрис Берзинш рӯзҳои 9-11-уми июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин сафар Андрис Берзиншро ҳайати васеи доираҳои соҳибкорону тоҷирони Латвия ҳамроҳӣ мекунанд. Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи сафари А.Берзинш дидору гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар […]



Президенти Латвия Андрис Берзинш рӯзҳои 9-11-уми июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин сафар Андрис Берзиншро ҳайати васеи доираҳои соҳибкорону тоҷирони Латвия ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи сафари А.Берзинш дидору гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки дар он сарони кишварҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, фарҳанг ва дигар соҳаҳоро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар хоҳанд кард.

«Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Латвия ва имзои як қатор созишномаву қарордодҳои дуҷониба дар назар аст», – таъкид дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи сафари президенти Латвия ба Тоҷикистон баргузории ҳамоиши соҳибкорону тоҷирони ҳарду кишвар дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки дар кори он сарони ҳарду кишвар низ ширкат хоҳанд варзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.