Раҳмон: Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла нерӯҳои марзбонӣ дар ҷойи холӣ таъсис ёфтанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии кишвар, ки имрӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон муҳофизони марзу буми кишварро бо иди касбиашорн табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки Артиши миллӣ ва баъдан Қӯшунҳои […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии кишвар, ки имрӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон муҳофизони марзу буми кишварро бо иди касбиашорн табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки Артиши миллӣ ва баъдан Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ амалан дар ҷойи холӣ, яъне бидуни таҳкурсии зарурии моддиву техникӣ таъсиси дода шудаанд. «Онҳо аз Иттиҳоди Шӯравии пошхӯрда ягон дона, силоҳ, ягон адад техникаи низомиву ягон дона тиру муҳимот нагирифтаанд», – таъкид дошт сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки имрӯз дар қаламрави кишвар 34 гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла 5 гузаргоҳ барои парвозҳои байналмилалӣ, 4 гузаргоҳи байналмилалӣ дар роҳи оҳан, 24 гузаргоҳ дар роҳҳои мошингард ва як гузаргоҳи дарёӣ амал мекунад.

Ба гуфтаи сарвари давлат, дар зарфи 20 сол аз ҷониби сарҳадбонон зиёда аз 2400 ҳолати вайронкунии сарҳади давлатӣ ва беш аз 17 ҳазор нафар вайронкунандагони низоми гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ боздошт карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани беш аз 400 амалиёти оперативӣ аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 20 тонна маводи мухаддир, беш аз 1000 мил силоҳи оташфишон ва 306 ҳазор адад аслиҳаву муҳимоти гуногуни ҷангӣ мусодира карда шудааст.

Президент ҳамчунин зикр кард, ки дар давоми бист соли гузашта садҳо нафар, аз ҷумла имрӯз 15 нафар сарҳадбонони кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ ва ҳазорҳо нафари дигар бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.