Грамотаи фахрии КБСС ба муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон

Ба муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Амиршо Миралиев грамотаи фахрии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) тақдим гардид. Бино ба иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадто Султонон, субҳи имрӯз зимни супурдани грамота ноиби президенти КБСС хонум Кристина Берли изҳор кардааст, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ А.Миралиев нахустин нмояндаи ҳукумат аст, […]



Ба муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Амиршо Миралиев грамотаи фахрии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) тақдим гардид.

Бино ба иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадто Султонон, субҳи имрӯз зимни супурдани грамота ноиби президенти КБСС хонум Кристина Берли изҳор кардааст, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ А.Миралиев нахустин нмояндаи ҳукумат аст, ки ба ин мукофот сазовор дониста шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот пас аз маросими тақдими мукофот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳо миёни парлумони Тоҷикистон ва КБСС, амалисозии лоиҳаҳои ин созмони башардӯстона дар минтақаҳои ҷумҳуриро баррасӣ карданд.

«Амиршо Миралиев ба ноиби президенти КБСС пешниҳод кард, ки имконоти таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо оид ба омӯзиши муҳоҷирони тоҷик бо забонҳо ва касбҳои нави харидордошта дар бозори ҷаҳонии кор мавриди омӯзиш қарор дода шавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки хонум Кристина Берли барои аз моҳи сентябри соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон таъсис дода шудани намояндагии КБСС оид ба Афғонистон ба ҳукуматдорони Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.