Музофоти Гансу барои бародаршаҳр шудан бо минтақаҳои Тоҷикистон омода аст

Санаи 26 майи соли 2014 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Муколомаи Ҳамкории Осиё оид ба эҳёи Роҳи Абрешим ба маркази маъмурии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ­–шаҳри Ланҷоу сафар намуда, худи ҳамон рӯз бо Муовини Раиси Кумитаи Ҳизби Комунистии Чин дар музофоти Гансу Оуянг Ҷиянг […]

ASIA-Plus



Санаи 26 майи соли 2014 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Муколомаи Ҳамкории Осиё оид ба эҳёи Роҳи Абрешим ба маркази маъмурии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ­–шаҳри Ланҷоу сафар намуда, худи ҳамон рӯз бо Муовини Раиси Кумитаи Ҳизби Комунистии Чин дар музофоти Гансу Оуянг Ҷиянг ва роҳбарияти Ҳукумати Халқии музофоти мазкур мулоқот доир намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар аснои мулоқот табодули назар доир ба ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Зин Пин доир ба бунёди навори иқтисодӣ дар Роҳи Абрешими таърихӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки татбиқи ин ташаббус барои рушди ҳамкорииҳои гуногунҷанба миёни кишварҳо, аз ҷумла миёни Тоҷикистон ва Чин, ки дар сари Роҳи Бузурги Абрешим қарор доранд, аҳамияти фавқуллода муҳим дорад.

Дар партави рушди ҳамшарикии стратегӣ миёни ду кишвар ҷониби чинӣ манфиатдории худро ба роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ миёни муассисаву ширкатҳои музофоти Гансу бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла нерӯи таҷдидшаванда, кашф ва истихроҷи маъдан, саноати нафту кимиё ва тарбияву табодули кадрҳо баён намуданд.

Ҳамчунин роҳбарияти музофоти Гансу хоҳиши худро барои роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.

Бояд қайд кард, ки Музофоти Гансу дар сари Роҳи Бузурги Абрешими таърихӣ, дар шимоли қисмати марказии Чин ҷойгир буда, теъдоди аҳолиаш беш аз 26 миллион нафар ва маҷмуи маҳсулоти дохилиаш дар ҳудуди 100 млрд. доллари ИМА аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.