Ҳамоиши соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Лаҳистон дар Душанбе

Рӯзи 6-уми июн дар доираи кори ҷаласаи IV-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе ва дар чаҳорчӯби намоишгоҳ-ярмаркаи ҳамасолаи «ИНТЕРЛЕГПРОМ-2014», ки рӯзҳои 4-7-уми июн дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор мешавад, вохӯрии соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва Лаҳистон доир мегардад. Бино ба иттилои хадамоти мтабуоти Паатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6-уми июн дар доираи кори ҷаласаи IV-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе ва дар чаҳорчӯби намоишгоҳ-ярмаркаи ҳамасолаи «ИНТЕРЛЕГПРОМ-2014», ки рӯзҳои 4-7-уми июн дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор мешавад, вохӯрии соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва Лаҳистон доир мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти мтабуоти Паатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), ҳамоиши тиҷоратии мазкур бахшида ба масъалҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Лаҳистон аз ҷониби ПСС ҶТ бо мусоидати сафоратхонаи Лаҳистон дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон созмон дода мешавад.

«Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш бо истифода аз имконоти иқтисодии Тоҷикистону Лаҳистон афзоиш додани сатҳи муомилоти молӣ тариқи рушди ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ҳарду кишвар дар бахшҳои нақлиёт, электроэнергетика, сохтмон, кишоварзӣ, байторӣ, тандурустӣ, ҷалби сармояи Лаҳистон ба кишвар ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштарак аст», – зикр мегардад дар иттилои ПСС ҶТ.

Таъкид мешавад, ки аз лиҳози ибрози андешаву пешниҳод, лоиҳа, муомилот ва қарорҳо ҳамоиши тиҷоратӣ бояд бештар натиҷаовар буда, барои роҳандозии ҳамкории пурсамари дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.