Машварати кории нахуствазир оид ба омодагӣ ба зимистон

Чанде қабл дар ҳузури нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ оид ба масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони оянда машварати корӣ доир гардид. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар машварат ба  масъалаи омодагии марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъмини шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ […]



Чанде қабл дар ҳузури нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ оид ба масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони оянда машварати корӣ доир гардид.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар машварат ба  масъалаи омодагии марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъмини шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ дар мавсими сармо ва таъмини аҳолӣ бо ангишт таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

«Дар робита ба то 100 мегаватт расонида шудани иқтидори Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе дар давоми соли равон, нахуствазир ҷиҳати бунёди хатҳои гармидиҳанда ва пайванди ин Маркази барқу гармидиҳӣ бо Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе дар муҳлатҳои муқарраргардида дастуру супориш дод», – иброз дошт Муҳиддинов. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.