Коммунистон мардумро ба ҳушёрӣ даъват мекунанд

Президиуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиатнома қабул карда, дар он аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми ҷумҳуриро ба ҳушёриву ваҳдат ва нигаҳдории амну субот, муттаҳид гардидан атрофи ҳукумати амалкунанда даъват кард. Тавре ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲКТ, вакили МНМО ҶТ Исмоил Талбаков хабар дод, имрӯз ҳукумати Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро роҳандозӣ намуда, […]



Президиуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиатнома қабул карда, дар он аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми ҷумҳуриро ба ҳушёриву ваҳдат ва нигаҳдории амну субот, муттаҳид гардидан атрофи ҳукумати амалкунанда даъват кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲКТ, вакили МНМО ҶТ Исмоил Талбаков хабар дод, имрӯз ҳукумати Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро роҳандозӣ намуда, созмонҳои байнулмилалие чун НАТО ва Иттиҳоди Аврупо оромона метавонанд дар кишвари мо сиёсати рушди демократия дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқи инсонро таблиғ кунанд.

«Вале мардуми мо, аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон уҳдадоранд ва бояд нияти некро аз сиёсати бозиҳои ифлоси бархе аз намояндагони Ғарб фарқ карда тавонанд», – қайд кард Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, дар муроҷиатномаи ҲКТ ба мардуми Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ махсус таъкид мешавад, ки «истифодаи воситаҳои ҷинояткорона дар муборизаи сиёсӣ ба мафҳумҳои шарафу виҷдон, шаъну эътибор, ки ба мардум ва нерӯҳои баинсофу поквиҷдон хос аст, созгор нест».

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ягона ҳизби кишвар аст, ки дар ҷаласаи президиуми худ рӯйдодҳои ҷараёндошта дар Хоруғро баррасӣ намуда, дар ин робита ба мардуми кишвар муроҷиатнома қабул кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.