Таҷлили Рӯзи ҳимояи кӯдакон дар боғи назди варзишгоҳи «Спартак»

Бахшида ба таҷлили Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон, дар боғи кӯдакони назди варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахт бо иштироки овозхонони навраси эстрада чорабиниҳои асосии ҷашнӣ доир мегарданд. Чорабиниҳо соати 9-и субҳ бо ифтитоҳи намоишгоҳи маснӯоти ороишотӣ ва ҳунармандии дастӣ, ки аз ҷониби тарбиятгирандагони марказҳои эстетикии ҷумҳурӣ омода шудаанд, оғоз мегарданд. Ҳамзамон дар қисмати дигари боғ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, […]



Бахшида ба таҷлили Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон, дар боғи кӯдакони назди варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахт бо иштироки овозхонони навраси эстрада чорабиниҳои асосии ҷашнӣ доир мегарданд.

Чорабиниҳо соати 9-и субҳ бо ифтитоҳи намоишгоҳи маснӯоти ороишотӣ ва ҳунармандии дастӣ, ки аз ҷониби тарбиятгирандагони марказҳои эстетикии ҷумҳурӣ омода шудаанд, оғоз мегарданд.

Ҳамзамон дар қисмати дигари боғ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, викторина ва озмуни махсус барои кӯдакон – «Расмкашӣ дар рӯйи асфалт» доир мегардад. Дар фарҷом ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ ва озмун туҳфаҳои арзишманд тақдим карда мешаванд. Тамошобинони хурдсол ҳамчунин метавонанд бепул аз маснӯоти қаннодӣ лаззат баранд.

Шоми ҳамин рӯз дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти ғолибони фестивал-озмуни ҷумҳуриявии овозхонони наврас – «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор мешавад, ки ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида буд.

Қобили зикр аст, ки соли 1925 дар Конфронси умумиҷаҳонӣ бахшида ба масъалаҳои таъмини некӯаҳволии кӯдакон дар шаҳри Женева дар бораи ҳамасола санаи 1-уми июн баргузор кардани Рӯзи байнулмилалии ҳимояи кӯдакон қарор қабул карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.