HRW: «Азия-Плюс» набояд барои мустақилияташ муҷозот шавад

– «Азия-Плюс» яке аз агентиҳои иттилоттии муҳими Тоҷикистон буда, набояд барои мустақилият муҷозот шавад ва ҳукумати Тоҷикистон бояд озодии баёнро дастгирӣ намуда, журналистони ақидаашон танқидиро ба ҳарос наандозад, – мутмаин аст Стив Свердлов, корманди созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ва муҳаққиқ оид ба Осиёи Марказӣ. Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии HRW […]



– «Азия-Плюс» яке аз агентиҳои иттилоттии муҳими Тоҷикистон буда, набояд барои мустақилият муҷозот шавад ва ҳукумати Тоҷикистон бояд озодии баёнро дастгирӣ намуда, журналистони ақидаашон танқидиро ба ҳарос наандозад, – мутмаин аст Стив Свердлов, корманди созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ва муҳаққиқ оид ба Осиёи Марказӣ.

Дар

изҳороти интишоршуда

дар сомонаи расмии HRW дар ин робита зикр мегардад, ки қарори суд нисбати яке аз агентиҳои муваффақи мустақили Тоҷикистон ва муҳаррири он ҳуқуқ ба озодии баён дар кишварро поймол мекунад. «Қарори суд метавонад ба вазъи озодии баён таъсири манфӣ ва ба иқтидори ВАО-и тоҷик дар дастрасӣ ба маълумоти гуногун халал ворид созад», – қайд мегардад дар изҳороти созмон.

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»

 қарор содир намуда

, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» 

(Неинтелегентно об интеллигенции)

 аз ҷониби муҳаррир, даъвогарон – Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди меъморон ва се шахси воқеӣ – Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х. Раҳматов аз суд дархост карданд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Тутубалина ва нашрияи «Азия-Плюс» аз болои қарори суд шикоят бурданд, вале 30-юми апрел суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи Азия-Плюс»-ро

бетағйир боқӣ гузошт.

«Ин ҳодиса намунаи хеле умумист, то ки дар Тоҷикистон журналистонро ба хомӯш будан маҷбур кунанд, – қайд кардааст Стив Свердлов. – Дар мақола мавзӯи воқеӣ дар ҷомеа баррасӣ мешавад, ҳарчанд ин чанде аз намояндагони зиёиёнро «хашмгин кардааст».

Тайи солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон бо қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии мустақил, аз ҷумла сомонаи «Азия-Плюс» ва даъво бурдан аз болои журналистони ақидаашон танқидӣ озодии ВАО-ро маҳдуд мекунад.

ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар мавриди қазияи парванда алайҳи «Азия-плюс» нигаронии шадид изҳор намуда, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки ба озодии баён эҳтиром гузоранд. Дар шарҳи ин масъала намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Дуня Миятович изҳор намуд, ки «ҷомеаи демократӣ бояд муколамаи кушоду озодонаро таъмин намуда, он набояд мавриди муҷозоти молӣ қарор бигирад».

«Ҳукумати Тоҷикистон бояд уҳдадориҳои дохилӣ ва байнулмилалӣ оид ба ҳифзи озодии баёнро иҷро намуда, ба «Азия-Плюс» ва дигар журналистон ҷиҳати анҷом додани фаъолияти озод аз тазйиқ ва дигар шаклҳои фишор имкон фароҳам оварад», – зикр мегардад дар изҳороти Human Rights Watch.

«Афроди дастдошта дар ин қазия ошкоро барои фишор ба нашрияи мо, ки мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ дорад, кӯшиш ба харҷ доданд, – иброз дошт ба HRW сармуҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» Умед Бобохонов. — Бо ин онҳо ба тамоми ВАО-и мустақили кишвар огоҳӣ доданд. Сарфи назар аз ин, мо умедворем, ки ақли солим боло гирифта, судҳои зинаи болоӣ парвандаро бо риояи қатъии қонунгузории Тоҷикистон бозбинӣ мекунанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.