Рӯзи 5 июни соли равон дар Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия дар бораи бозомӯзии дипломатӣ ва мубодилаи маълумот ва аснод ба имзо расид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зери санади мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Раиси Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Масут Озҷан имзо гузоштанд.
Гуфта мешавад, дар мулоқоте, ки пеш аз маросими имзо баргузор гардид, масъалаҳои ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар заминаи бозомӯзии дипломатӣ баррасӣ шуда, роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи афкор сурат гирифт.







