Сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон

Президенти Латвия Андрис Берзинш имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин сафар А.Берзиншро ҳайати сершумори доираҳои тиҷоратии Латвия ҳамроҳӣ мекунад. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10-уми июн дидору гуфтушуниди президенти Латвия бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар буда, дар мулоқот ҷонибҳо […]

ASIA-Plus



Президенти Латвия Андрис Берзинш имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин сафар А.Берзиншро ҳайати сершумори доираҳои тиҷоратии Латвия ҳамроҳӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10-уми июн дидору гуфтушуниди президенти Латвия бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар буда, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсату тиҷорат ва фарҳангро баррасӣ ва оид ба масоили муҳими минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули назар мекунанд.

«Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Латвия ва имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба, аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ пешбинӣ мешавад», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин вохӯриҳои президенти Латвия бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода, иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ дар майдони Дӯстӣ ва ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Латвия низ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Латвия, рӯзи 11-уми июн Андрис Берзинш аз Душанбе ба Муғулистон раҳсипор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.