Шукурҷон Зуҳуров озими шаҳри Маскав мешавад

Бо даъвати раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 17-уми июн озими шаҳри Маскав мешавад. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар пойтахти Русия дидору гуфтушуниди Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин, раиси Шӯрои Федератсияи ин кишвар Валентина Матвиенко, […]

ASIA-Plus



Бо даъвати раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 17-уми июн озими шаҳри Маскав мешавад.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар пойтахти Русия дидору гуфтушуниди Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин, раиси Шӯрои Федератсияи ин кишвар Валентина Матвиенко, роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст.

Ба қавли Султонов, дар доираи ин сафар вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорони Донишкадаи заминсозии шаҳри Маскав низ баргузор мешавад, ки раиси МНМО Тоҷикистон худ хатмкунандаи ин муассисаи таълимӣ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.