Тоҷики мавриди ҷустуҷӯӣ Интерпол дар зиндони Хакасия бо ному насаби сохта

Дафтари Интерполи ВКД дар Ҷумҳурии Хакасия дар ҳамдастӣ бо кормандони Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Хакасия ошкор намудаанд, ки маҳбуси яке аз муассисаҳои ислоҳотӣ бо ному насаби дигар адои ҷазо мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД дар Хакасия, зимни санҷиш маълумот тасдиқ шудааст: зодаи шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистони ба 5 солу 10 моҳи […]

Меҳрангез Турсунзода



Дафтари Интерполи ВКД дар Ҷумҳурии Хакасия дар ҳамдастӣ бо кормандони Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Хакасия ошкор намудаанд, ки маҳбуси яке аз муассисаҳои ислоҳотӣ бо ному насаби дигар адои ҷазо мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД дар Хакасия, зимни санҷиш маълумот тасдиқ шудааст: зодаи шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистони ба 5 солу 10 моҳи зиндон барои ғоратгарӣ маҳкумшуда натанҳо ному насаби дигар дорад, балки санаи таваллудаш низ ба соли 1983 иваз шудааст.

«Гузашта аз ин, муайян карда шудааст, ки ин шаҳрванд аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон барои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, шахсият ва бо ному насаби шахси дигар адои ҷазо кардлани ӯ тасдиқ гардидааст», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, пас адои муҳлати ҷазо дар муассиса ислоҳоии Русия ин шаҳрванд ба қаламрави Тоҷикистон истирдод мегардад.

Қобили зикр аст, ки айни замон Дафтари Интерпол дар Тоҷикистон дар саросари дунё 147 нафар шаҳрвандони тоҷики ба содир намудани ҷиноят гумонбаршуда ва 68 нафари бедаракшуда дар Тоҷикистонро ҷустуҷӯ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...