Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабул намудани савганд ва оғози фаъолият дар мақоми Подшоҳи Шоҳигарии Испания ба Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳо итминони комил дорад ва омода аст, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзад.

«Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Аълоҳазрат, саодату саломатӣ ва пирӯзиҳои навин дар ин маснади олии пурмасъулият, ба кишвари дӯсти Испания хушрӯзӣ ва шукуфоиро орзу дорам», – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

spot_imgspot_img

Популярное