Шикояти «Азия-Плюс» ба Суди олӣ аз болои қарори суд оид ба парвандаи «зиёиён»

Идораи нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба Суди олии Тоҷикистон шикояти назоратӣ бурданд. Ба гуфтаи адвокати газета Иноят Иноятов, аз суди назоратӣ даъвогарон талаб доранд, ки ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ ва қарори коллегияи судии шаҳри Душанбе бекор карда шавад. Моҳҳои оянда баррасии шикоят шурӯъ мешавад. «Мо умедворем, ки дар Суди олии Тоҷикистон парвандаи […]

Меҳрангез Турсунзода



Идораи нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба Суди олии Тоҷикистон шикояти назоратӣ бурданд.

Ба гуфтаи адвокати газета Иноят Иноятов, аз суди назоратӣ даъвогарон талаб доранд, ки ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ ва қарори коллегияи судии шаҳри Душанбе бекор карда шавад. Моҳҳои оянда баррасии шикоят шурӯъ мешавад. «Мо умедворем, ки дар Суди олии Тоҷикистон парвандаи шаҳрвандии мазкур воқеъбинона ва мунсифона баррасӣ мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» 

(Неинтелегентно об интеллигенции)

 аз ҷониби муҳаррир, даъвогарон – Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди меъморон ва се шахси воқеӣ – Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х. Раҳматов аз суд дархост карданд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»

 қарор содир намуда

, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалинаро натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор кард.

Санаи 18-уми март адвокатҳои газета ва муҳаррири он аз болои қарор шикоят бурда, зикр карданд, ки ҳалномаи мазкур «беасос» ва «ғайриқонунӣ» аст. Онҳо зикр карданд, ки Тутубалина барои суханони Ленин аз нигоҳи ҳуқуқӣ масъул буда наметавонад. Аммо коллегияи судии суди шаҳр, ки рӯзиз 30-юми апрел баргузор шуд, шикояти кассатсионии нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалинаро

қонеъ накарда,

қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи Азия-Плюс»-ро бетағйир боқӣ гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.