Бо гузашти ҳудуди ду ҳафта аз тахриби бинои шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд ҳеҷ пешниҳоде ҷиҳати ҷудо кардани ҷойи дигар ба сохтмон аз ҷониби ҳукумат ворид нашудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Фарход Собирзода, котиби матбуоти шуъбаи вилоятии ҳизб дар ин робита изҳор доштааст, ки раёсати шуъба тасмим гирифтааст, то ба мақомот мактуб ирсол намуда, арз дорад, ки дар сурати то ду ҳафтаи дигар ҷудо нагардидани қитъаи замин ва пардохт нашудани маблағи бинои тахрибшуда, шуъбаи ҲНИТ ба суд муроҷиъат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 17-уми июн намояндаҳои ҳукумати вилояти Суғд гуфта буданд, ки дар сурати тахриб намудани бинои дафтари ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд арзиши онро ҳукумат пардохт хоҳад кард.



