Сармутахассиси ҳукумати шаҳри Ваҳдат Раҳмиддин Ҳалимов ва корманди дастгоҳи раиси шаҳр Рамазон Беков ба гумони даст доштан дар порагирӣ ба маблағ 5 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии мазкур хабар дод, кормандони боздоштшудаи ҳукумати шаҳр ба ивази 5 ҳазор доллари ИМА ба сокини маҳаллӣ Ф.Х. ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзилро ваъда кардаанд.
«Кормандони ҳукумати шаҳри Ваҳдат бо далели шайъӣ дар ҳуҷраҳои кориашон боздошт шуданд ва тафтиш идома дорад», – гуфт манбаъ.



