С.Сафаров: Намояндагиҳои дипломатӣ набояд ба корҳои дохилии ҶТ дахолат кунанд

Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров изҳор кард, ки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон бо амалҳои худ метавонанд ба суботи кишвари мо халал ворид созанд. «Ба андешаи ман, сафоратхонаи кадом кишваре набошад, ба дахолат кардан ба умури дохилии ҷумҳурии мо ҳуқуқ надорад ва бо ин амалҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров изҳор кард, ки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон бо амалҳои худ метавонанд ба суботи кишвари мо халал ворид созанд.

«Ба андешаи ман, сафоратхонаи кадом кишваре набошад, ба дахолат кардан ба умури дохилии ҷумҳурии мо ҳуқуқ надорад ва бо ин амалҳои худ онҳо ба амну субот дар кишвари мо зиён расонида метавонанд», – иброз дошт Сафаров дар шарҳи масъалаи ҳисоботи ахири сафоратхонаи ИМА дар бораи муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки дар он аз ҷумла зикр мегардад, ки «харидани мансабҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтаааст».

Сафаров қайд кард, ки ӯ қотеъона муқобили чунин амалҳо аз ҷониби сафоратхонаи як кишвари хориҷӣ аст. «Мо худамон аз рӯйдодҳои дохили кишварамон, аз ҷумла мушкилот бо корррупсия огаҳем. Оид ба ин масъала чандин маротиба таҳқиқот доир намуда, натиҷаҳояшро ҳам пешкаши ҳамагон кардем», – таъкид дошт ӯ.

Муовини роҳбари МТС аз эҳтимол дур намедонад, ки чанде аз кишварҳо барои пиёдасозии манфиатҳои худ метавонанд ба рух додани бетартибиҳо дар Тоҷикистон иқдом варзанд. «Дар сатҳи кушоду ошкоро маъмулан мо ин кишварҳоро ном намебарем», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.