Ҷамъомади мудофиаи ҳудудии сарбозону афсарони эҳтиётӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар бинои комиссарияти ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷалби кормандони соҳа ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ҷамоату деҳоти ин ноҳия ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ доир карда шуд. Мувофиқи нақша-чорабинии тарҳрезигашта наздики 500 нафар аз бошандагони ин ноҳия барои ширкат намудан дар машғулиятҳои амалӣ-саҳроӣ ҷалб карда шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, тибқи нақша дар […]

ASIA-Plus



Дар бинои комиссарияти ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷалби кормандони соҳа ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ҷамоату деҳоти ин ноҳия ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ доир карда шуд. Мувофиқи нақша-чорабинии тарҳрезигашта наздики 500 нафар аз бошандагони ин ноҳия барои ширкат намудан дар машғулиятҳои амалӣ-саҳроӣ ҷалб карда шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, тибқи нақша дар қисмати аввал ба иширокчиён моҳияти чорабинии мазкур ва мавзӯҳои ба ҷамъомад пешбинишуда, усулҳои нави корбарӣ дар комиссариятҳои ҳарбӣ, сари вақт гирд овардани шаҳрвандони дар эҳтиёт будаи ҳудуди ноҳия ба таври назариявӣ фаҳмонида шуд. Қисмати дуюми ҷамъомади мудофиаи ҳудудии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳияи Рӯдакӣ бошад, бо тарзу усулҳои хоса дар машқгоҳи Лоҳури вилояти Хатлон сурат гирифта, ба макони баргузории ҷамъомад бошад, яроқу аслиҳа ва техникаҳои дар ихтиёрдоштаи ин ноҳия равона карда шуд.

Дар ҷараёни ҷамъомади мазкур, таъкид карда шуд, ки ҳадаф аз таҳияи чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама баланд бардоштани малакаи касбии иштирокчиён, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузории шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, бақайдгирии ҳайати шахсӣ, таъмин намудани онҳо бо амволи шайъӣ, аслиҳаи ҷангӣ ва дигар мавзуоти марбут ба омодагии сафарбарӣ дар ҳолати осоишта ва замони ҷангӣ буда, тибқи нақшаи пешбинишуда ҳамаи ин ба иштирокчиёни машғулиятҳо омӯзонида шуд. Сипас, ширкаткунандагон оиди моҳияти «Низомномаи намунавии сохторҳои сафарбарӣ» ва зарӯрати баргузории чорабинии мазкур ва камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта сухан карда, таъкид бар он доштанд, ки чунин раванд имкони боз ҳам сайқал додани донишу малакаи касбии ҳар як фарди дар ин ҷамъомад ҳузурдошта мебошад.Ба гуфтаи масъулини соҳа новобаст аз он, ки дар ҳудуди ноҳия бори нахуст ҷамъомади сафарбарӣ баргузор карда мешавад, натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандони дар эҳтиётқарордоштаи ҳудуди ноҳия дар ин машғулиятҳо қонеъкунанда мебошад.

Аз ин рӯ, масъулини соҳа ба сатҳи дониши аксари иштирокчиёни ҷамъомади омодагии сафарбарӣ баҳои хуб доданд. Бояд гуфт бори нахуст аст, ки аз ҳисоби занону бонувони дар эҳтиётқарордоштаи ин ноҳия, ки айни замон дар бахшҳои гуногуни сохторҳои таркибии он фаъолият мекунанд, дар қатори мардон ба ин машғулиятҳои амалӣ-саҳроӣ ҷалб карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.