ВКД Тоҷикистон аз фаъолияти нимсолааш натиҷагирӣ кард

Дар ҷаласаи Мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро «Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм» баррасӣ шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷаласа таъкид гардид, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешида, қонуншиканиҳо […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи Мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро «Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм» баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷаласа таъкид гардид, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешида, қонуншиканиҳо аз ҷониби наврасону ҷавон тамомили афзоиш дорад ва дар нимсолаи аввали соли равон содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 % ё 11 ҳолат зиёд гардидааст.

Дар ҷаласа ба масъалаи бехатарии сӯхтор низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, қайд карда шуд, ки дар давоми 6 моҳи соли равон шумораи сӯхторҳо 28 ҳолат зиёд гардида, бар асари он 21 нафар фавтидаанд, ки 10 нафари онро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин дар робита ба таъмини бехтарии ҳаракат дар роҳ зикр гардид, ки дар самти таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, мунтазам рейдҳо ва амалиётҳои махсус гузаронида мешавад, вале новобаста аз чораҳои андешидашуда дар ин самт, вазъи садаманокӣ 32 ҳолат зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.