Намояндагони минтақаҳои Тоҷикистону Русия тирамоҳ дар Маскав гирдиҳам меоянд

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба корҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси III-уми ҳамкории байниминтақавии Русияву Тоҷикистон ва Форуми IV-уми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» суръат мебахшад. Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чорабиниҳои мазкур моҳи октябри соли равон дар шаҳри Маскав баргузор мешаванд. «Дар […]

ASIA-Plus



Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба корҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси III-уми ҳамкории байниминтақавии Русияву Тоҷикистон ва Форуми IV-уми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» суръат мебахшад.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чорабиниҳои мазкур моҳи октябри соли равон дар шаҳри Маскав баргузор мешаванд.

«Дар ин робита рӯзи 10-уми июл вохӯрии сафир Имомуддин Сатторов бо муовини раиси Шӯрои Федератсия Вячеслав Штиров ва котиби муовини вазири рушди минтақавии Русия Светлана Иванова ва ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Шӯрои Фкдератсия доир гардида, ҷонибҳои масоили тадорукотии омодагӣ ба ин чорабинии муҳими муштаракро баррасӣ карданд», – гуфт Эгамзод.

Ӯ зикр кард, ки дар ҷараёни вохӯрӣ Штиров сафири тоҷикро бо барномаи пешакии баргузор намудани чорабинӣ, ки таҳти сарпарастии палатаҳои болоии ҳарду кишвар доир мегардад, шинос кард.

«Яке аз ҳадафҳои баргузории ин форум тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи минтақаҳо аст ва айни замон беш аз 60 субъекти Русия дар шаклҳои гуногун бо минтақаҳои Тоҷикистон робитаҳои ҳамкорӣ доранд», – таъкид дошт В.Штиров.

Дар навбати худ, Имомудиин Сатторов аз боз ҳам бештар фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия истиқбол намуда, таъкид дошт, ки раҳбарият ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба тавсеъаи ҳамкориҳо бо минтақаҳои Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. «Сатторов ҳамчунин оид ба як қатор самтҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла бахши сайёҳӣ, энергетика, иктишофи геологӣ ва ғайра маълумот дод», – иброз дошт Эгамзод.

Зимнан зикр гардид, ки намояндагони минтақаҳои Тоҷикистону Русия моҳи октябр дар шаҳри Маскав гирдиҳам меоянд. Баргузории чорабиниҳо дар Донишгоҳи давлатии Маскав дар назар аст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.