Намояндагони нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ба Душанбе омаданд

Намояндагони вломақоми нерӯҳои марзбонии Қирғизистон субҳи имрӯз ба Душанбе омаданд. Бино ба маълумоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, айни замон пушти дарҳои пӯшида вохӯрии ҳайати Қирғизистон бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷараён дорад. Дар ҳамин ҳол, манбаъ мушаххасан нагуфт, ки ҳайати марзбонони қирғизро кӣ раҳбарӣ мекунад. «Бо итминони комил гуфта метавонам, ки дар […]

ASIA-Plus



Намояндагони вломақоми нерӯҳои марзбонии Қирғизистон субҳи имрӯз ба Душанбе омаданд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, айни замон пушти дарҳои пӯшида вохӯрии ҳайати Қирғизистон бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ мушаххасан нагуфт, ки ҳайати марзбонони қирғизро кӣ раҳбарӣ мекунад. «Бо итминони комил гуфта метавонам, ки дар вохӯрӣ масъалаи ҳодисаи чанде қабл рухдода дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, ки як шаҳрванди Тоҷикистон куштаву ду марзбон ва ҳашт нафар аз аҳолии осоишта ҷароҳат бардоштанд ва  минбаъд роҳ надодан ба ин ҳодисаҳо баррасӣ хоҳанд шуд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 10-уми июл дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара миёни марзбонони Қирғизистон ва сокинони маҳаллӣ

муноқишаи навбатӣ

рух дод. Бар асари аз ҷониби марзбонони қирғиз истифода шудани аслиҳаи оташфишон сокини 36-солаи Ворух – Сафоиддин Шарифов дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, боз ҳашт нафари дигар бо ҷароҳатҳо аз тири аслиҳаи оташфишон ба бемористонҳои шаҳри Исфара мунтақил шудаанд.

Дар робита ба муноқишае, ки нимаи дуюми рӯзи 10-уми июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

изҳорот

пахш намуд.

Пас аз ин ҳодиса аҳолии Ворух

гирдиҳамойӣ

ташкил карданд. Марзбонони қирғиз ба ҷойи баргузории гирдиҳамойӣ омада, сӯи издиҳоми мардум бетартибона тир кушодаанд, ки дар натиҷа ду сокини маҳаллӣ захмӣ шудаанд.

Дар натиҷаи мавриди тирпарронӣ қарор гирифтани қаламрави мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух аз ҷониби марзбонони Қирғизистон

ду тан аз марзбонони тоҷик

захмӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.