Гузориш оид ба ҳодисаи Ворух дар шабакаҳои телевизион пас аз анҷоми гуфтушунид

Шабакаҳои давлатии телевизион гузориш дар бораи рӯйдодҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон, дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараро пас аз анҷоми гуфтушунидҳо намоиш медиҳанд. Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмон дар ин робита зикр намуд, ки сиёсати асосии шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки «ба ҷараёни […]

Маҳпора Киромова



Шабакаҳои давлатии телевизион гузориш дар бораи рӯйдодҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон, дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараро пас аз анҷоми гуфтушунидҳо намоиш медиҳанд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмон дар ин робита зикр намуд, ки сиёсати асосии шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки «ба ҷараёни гуфтушуниди ҷонибҳо, ки бе ин ҳам душвор аст, таъсири манфӣ расонида нашавад».

«Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки танҳо чорабиниҳои фарҳангии мардуми тоҷику қиргизро манзури тамошобинон гардонем, ки то ки вазъ бад нашавад. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҷонибҳо як маводи телевизионӣ таҳияи карданием», – гуфт Раҳмон.

Ба гуфтаи ӯ, дар Исфара хабарнигорони шабакаҳои давлатии телевизион фаъолият доранд, аммо ин рӯйдодҳо ногаҳон ба вуқӯъ пайваста, онҳо дар бораи ин ҳодисаҳо саривақт хабар дода натавонистанд.

Дар робита ба гузриши телевизионӣ оид ба олими боздоштшуда Александр Содиқов номбурда зикр кард, ки ин мавод аз ҷониби хадамоти махсуси ҷумҳурӣ омода гардида буд. «Шабакаи телевизионӣ давлатӣ бо намоиш додани он ба қонуншикании ҳеҷ яке аз меъёрҳои журналистӣ роҳ надодааст, зеро касе ҷосусии ӯро тасдиқ ё вайро ба он гунаҳкор накардааст, – иброз дошт ӯ. – Агар гуноҳи Александр собит гардад, мо бори дигар ин гузоришро дар шабакаҳои давлатӣ намоиш медиҳем».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.