Ҷойивазкунии кадрҳо дар Агентии назорати маводи нашъаовар

Нимаи дуюми рӯзи 10  июли соли равон дар Агентии назорати маоди нашъаовари назди Президенти ҶТ таҳти роҳбарии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода ҷаласаи ҳайати роҳбарикунандаи раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва вилоятӣ  аз рӯи натиҷаи фаъолиятт иперативӣ-хизматӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа натиҷаи […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 10  июли соли равон дар Агентии назорати маоди нашъаовари назди Президенти ҶТ таҳти роҳбарии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода ҷаласаи ҳайати роҳбарикунандаи раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва вилоятӣ  аз рӯи натиҷаи фаъолиятт иперативӣ-хизматӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо муҳокима гардида, ҳисоботҳои ҷузъу томҳои оперативии Агентӣ дар шаҳри Душанбе, фаъолият дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул мебошанд, шунида шуданд. Инчунин нақшаи чорабиниҳои ташкилиии Агентӣ барои нимсолаи дуюми соли 2014 муҳокима гардид.

Баромадкунандагон дар баробари ҷиҳатҳои мусбӣ дар фаъолияти худ як қатор норасоиҳоро дар соҳаи ташкили фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирии қочоқи маводи нашъаовар, ки ба вилоятҳо тавассути сарҳади Тоҷикистону Афғонистон интиқол мешавад, инчунин масъалаҳои ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ки робитаҳои байгниминтақавӣ ва байнидавлатӣ доранд, қайд намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Бадахшон, аз ҷумла дар Ишкошим ва Мурғоб муҳокима шуданд.

Қарор қабул карда шуд, ки як қатор роҳбарони ҷузъу томҳои Агентӣ бадал (ротатсия) карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.