Дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун 1 нафар ҳалок ва 1 тан ҷароҳат бардошт

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷараёни корҳои барқароркунӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» 1 нафар ҳалок ва 1 тани дигар ҷароҳат бардошт. Тавре роҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода хабар дод,  аввали моҳи июни соли ҷорӣ ҳангоми бунёди яке аз иншоотҳо коргари 38-солаи ҶСК «Роғунгэсстрой» […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷараёни корҳои барқароркунӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» 1 нафар ҳалок ва 1 тани дигар ҷароҳат бардошт.

Тавре роҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода хабар дод,  аввали моҳи июни соли ҷорӣ ҳангоми бунёди яке аз иншоотҳо коргари 38-солаи ҶСК «Роғунгэсстрой» Ҷойлобов аз баландии 23 метр ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, то ин дам нимаи баҳори соли равон ҳангоми иҷрои кор дар яке аз нақбҳо корманди 27-солаи ширкати эронии «Умрон-Хрун», ки як қисмате аз корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун»-ро анҷом медиҳад, ҷароҳат бардоштааст.

«Ҳангоми иҷрои корҳо дар иншооти саноатӣ дар маҷмӯъ дар зарфи шаш моҳи соли равон панҷ нафар ба ҳалокат расиданд», – иброз дошт Саломзода.

Зимнан зикр гардид, ки муддати 2 соли ахир Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ ба фаъолияти пурра дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» имкон надорад.

«Сабаб дар он аст, ки алҳол дар он ҷо ташхиси лоиҳа гузаронида мешавад. Умедворем, ки бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ хулосаҳои коршиносони байнулмилалӣ ба мо дастрас гардида, аз ҷумла бо зиёд кардани шумори кормнадонамон, корро дар ин иншоот тақвият мебахшем», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.