Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила гурӯҳи қочоқбарро безарар гардониданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Ашентӣ, кормандони Агентӣ муддати дароз гурӯҳи қочоқбарро коркард намуданд, ки маводи нашъаоварро аз давлати ҳамсоя ба қаламрави кишвари мо интиқол медод. Рӯзҳои наздик маълум гардид, ки маводи нашъаовар ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.
Санаи 10 июл ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, сокини 44-солаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, дастгир гардид. Ҳангоми боздошт аз ӯ халтаи селофанӣ ёфт ва мусодира гардид, ки дар дохилаш афюн бо вазни 2 кг мавҷуд буд.
Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда боз як ҳаммаслаки ӯ – сокини 39-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон боздошт гардид.
Маводи нашъаоварро онҳо аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади интиқол додан аз қаламрави Тоҷикистон харидорӣ намуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ аз рӯи м. 200 қ. 3 (“Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади фурӯш”) оғоз гардидааст. Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.
Дар натиҷаи коркарди амалиёт боз як роҳи интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва баъдан ба кишварҳои ИДМ баста шуд.



