Саломзода: Вақте дар бораи нақби «Истиқлол» мепурсанд, худро ноҳинҷор ҳис мекунам

Роҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода аз вазъи кунии нақби «Истиқлол», ки минтақаҳои марказиву шимоли ҷумҳуриро ба ҳам мепайвандад, нигаронӣ изҳор намуд. «Ҳафтаи гузашта мо ин нақбро гузаштем. Ростӣ, вазъаш хеле ғамангез аст», – иброз дошт Саломзода зимни нишасти хабарии рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта ва […]

Пайрав Чоршанбиев



Роҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода аз вазъи кунии нақби «Истиқлол», ки минтақаҳои марказиву шимоли ҷумҳуриро ба ҳам мепайвандад, нигаронӣ изҳор намуд.

«Ҳафтаи гузашта мо ин нақбро гузаштем. Ростӣ, вазъаш хеле ғамангез аст», – иброз дошт Саломзода зимни нишасти хабарии рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта ва эътироф намуд, ки «вақте дар бораи нақби «Истиқлол» мепурсанд, худро ноҳинҷор ҳис мекунам».

Ӯ зикр кард, ки дар дохили нақб миқдори зиёди автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм ҷамъ шудаанд.

Роҳбари хадамот таъкид дошт, ки айни замон дар ин иншоот корҳои бетонрезӣ ва таъмири иншооти обпарто идома доранд.

«Ҳаракати нақлиёт маҳдуд буда, ба убури автомашинаҳои бузургҳаҷм дар соатҳои муайян иҷозат дода мешавад. Кормандони хадамоти мо тамоми корҳои дар иншооти мазкур идомаёфтаро назорат мекунанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки соли 20003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ ширкати эронии «Собир» корҳои идомаи сохтмони нақбро пас аз гузаронидани миқдори дуюми маблағ дар ҳаҷми 1,9 млн. $ ба суратҳисоби махсуси маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Маблағи Тоҷикистон саривақт ба суратҳисоби муштарак гузаронида шуд, аммо ҷониби Эрон танҳо 1,1 млн. $ маблағ гузаронида тавонист. Дар робита ба маблағгузории нопурра паймонкори сохтмони иншоот – ширкати «Собир» он замон тамоми корҳоро мутаваққиф кард.

Нақби «Истиқлол» бо масофаи беш аз 5 километр дар ағбаи Анзоб воқеъ буда, қисмати шимолии кишвар бо маркази ҷумҳуриро мепайвандад. Сарфи назар аз ба истифода додани нақб, сохтмони он то ҳанӯз нотамом боқӣ мемонад. Оби то ҳанӯз мудом ҷоришаванда дар дохили нақб роҳро хароб карда истодааст.

Сохтмони нақби «Истиқлол» моҳи сентябри соли 2003 оғоз гардида, баҳри он Эрон 31 млн. доллари ИМА маблағи қарз ҷудо намуд, ки 10 млн. доллари ИМА бурс ва 21 млн. доллари ИМА ба сифати қарз буд. Паймонкори сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir International аст. Пармакунии нақб моҳи марти соли 2006 ба итмом расида, аммо корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба итмом нарасидаанд. Марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ бетонрезии нақб аст.

Даҳаи дуюми моҳи апрели соли 2013 палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд. Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.