Иштироки мураббиёни тоҷик дар курсҳои омӯзишии КФО

Мураббиёни футболи Тоҷикистон дар давраи минтақавии омӯзишӣ (курсҳо)-и мураббиён-муаллимон (инструкоторон)-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки рӯзҳои 2-11-уми июл дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ширкат варзиданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин давраҳои омӯзишӣ 13 мураббиён аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки дорои иҷозатномаҳои «В», «А» ва «PRO» мебошанд, иштирок карданд. Ба сифати муаллимони […]

ASIA-Plus



Мураббиёни футболи Тоҷикистон дар давраи минтақавии омӯзишӣ (курсҳо)-и мураббиён-муаллимон (инструкоторон)-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки рӯзҳои 2-11-уми июл дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин давраҳои омӯзишӣ 13 мураббиён аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки дорои иҷозатномаҳои «В», «А» ва «PRO» мебошанд, иштирок карданд. Ба сифати муаллимони курс Ислом Аҳмедов (Ӯзбекистон), Лим Ким Чон (Малайзия), Тариқ ал-Баннаӣ (Кувайт) ва Ҳорун ал-Бартаманию (Уммон) фаъолият намуданд.

Тоҷикистонро дар ин давраи омӯзишӣ сармураббии дастаи футзали Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев, мураббии дарвозабонони дастаи мунтахаб Амоншо Саодатсайров, сармураббии дастаи мунтахаби занон Илдар Раҳмонов ва мураббии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ Валӣ Эгамбердлиев намояндагӣ карданд.

Бо анҷоми давраи омӯзишӣ иштирокчиён имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ супурда, ба сертификатҳои махсуси КФО соҳиб шуданд, ки ба онҳо ҷиҳати фаъолият кардан ба сифати муаллим (инструктор) барои мутахассисони маҳаллии кишварҳои худашон имкон медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.