А.Тағоймуродов: Дар тарбияи кормандони милиса бояд тамоми ҷомеа саҳмгузор бошад

Ба андешаи сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов, дар тарбияи кормандони милиса натанҳо раҳбарияти Раёсатҳои ВКД ё Вазорати корҳои дохилӣ, балки бояд тамоми ҷомеа саҳмугузор бошад. «Кормандони милиса низ шаҳрвнадони Тоҷикистон, бародар ё наздикону ҳамсояҳои мо мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд дар тарбияи онҳо фаъолона иштирок кунем. Ман аз ҳамаи […]

Сайраҳмон Назриев



Ба андешаи сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов, дар тарбияи кормандони милиса натанҳо раҳбарияти Раёсатҳои ВКД ё Вазорати корҳои дохилӣ, балки бояд тамоми ҷомеа саҳмугузор бошад.

«Кормандони милиса низ шаҳрвнадони Тоҷикистон, бародар ё наздикону ҳамсояҳои мо мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд дар тарбияи онҳо фаъолона иштирок кунем. Ман аз ҳамаи шаҳрвандони дархост мекунам, ки дар сурати дучор гардидан ба рафтори номуносиб аз ҷониби кормандони ниҳодҳои интизомӣ, ба шуъбаҳову раёсат ё бевосита ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд ва ин амал иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони милиса хоҳад буд», – таъкид дошт сардори раёсат.

Бино ба маълумоти ӯ, аз оғози сол дар ноҳияҳои Вахшу Ёвон ду ҷинояти аз ҷониби кормандони милиса содиршуда ба қайд гирифта шудааст. «Раҳбарияти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон миёни кормандон мунтазам корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида, баҳри пешгирии содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби онҳо ҳамаҷониба тадбирҳо меандешад», – афзуд А.Тағоймуродов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.