Ҳалокати 254 нафар бемори СПИД дар Кӯлоб тайи 10 сол

Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шумори гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) 61 нафар зиёд шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 10% камтар мебошад. Мудири Маркази вилоятии мубориза ва пешгириии бемории ВНМО/БПНМ дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов ба «Азия-Плюс» […]

Турко Дикаев



Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шумори гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) 61 нафар зиёд шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 10% камтар мебошад.

Мудири Маркази вилоятии мубориза ва пешгириии бемории ВНМО/БПНМ дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамин тариқ шумори умумии мубталоёни гирифторӣ ба ин беморӣ дар минтақа аз оғози нахустин сабти ҳолати гирифторӣ дар соли 2003 ба 809 нафар расидааст.

«Аз беморони тозасабтшуда 33 нафарашон сокинони шаҳру ноҳияи Кӯлоб ва боқимонда аз тамоми ноҳияҳои минтақа, аз ҷумла 8 нафарӣ аз ноҳияҳои Восеъ ва Фархор мебошанд», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, феълан миёни занони синнусоли қобили таваллуд (репродуктивӣ) шумори гирифторон ба ин беморӣ меафзояд, ки ин вазъ хеле нигаронкунанда аст. «Аз 61 нафари сироятёфта дар соли гузашта 28 нафарашон занон буданд, ки чунин таносуб қаблан ба мушоҳида намерасид», – изҳор дошт Туманов.

Номбурда ҳамчунин тамоили дигари ташвишовар дар ин самтро зикр карда, иттилоъ дод, ки маъмулан дар ин самт истеъмолгарони маводи нашъаовар тариқи сӯзандору бештар буданд, вале акнун шумори гирифторон тавассути алоқаи ҷинсӣ низ дар ҳоли афзоиш аст, ки аз миқдори умумӣ 44,2%-ро ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти Туманов, айни замон 201 нафар мубталоёни ин беморӣ мавриди муолиҷа қарор дошта, тайи 10 соли бақайдгирии ин беморӣ дар минтақа 254 нафар сироятёфта ба ҳалокат расидаанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.