Медалҳои нуқраи дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқаи кушоди Осиё

Мусобиқаи кушоди Осиё оид ба дзюдо, ки санаи 28-уми июл дар шаҳри Тайпей (Тайван) ба итмом расид, барои гӯштигирони тоҷик муваффақона анҷом пазируфт. Дар нахустин мусобиқаи олимпии рейтингӣ Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кило ва Комроншо Устопириён дар вазни 90 кило таҳти раҳбарии мураббии шоистаи Русия ва Тоҷикистон Владимир Елчанигнов медалҳои нуқра ба даст оварданд. […]

ASIA-Plus



Мусобиқаи кушоди Осиё оид ба дзюдо, ки санаи 28-уми июл дар шаҳри Тайпей (Тайван) ба итмом расид, барои гӯштигирони тоҷик муваффақона анҷом пазируфт.

Дар нахустин мусобиқаи олимпии рейтингӣ Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кило ва Комроншо Устопириён дар вазни 90 кило таҳти раҳбарии мураббии шоистаи Русия ва Тоҷикистон Владимир Елчанигнов медалҳои нуқра ба даст оварданд.

Фарҳод Раҳимов дар қувваозмоиҳо бо варзишгари мизбони мусобиқа, гӯштигирони Тайиланд ва Чин ғолиб омада, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гӯштигирм Кореяи ҷанубӣ шикаст хӯрд. Комроншоҳ Устопириён бар ду гӯштигири Кореяи Ҷанубӣ дастболо шуда, қувваозмоии ниҳоиро ба дзюдочии ботаҷрибаи Русия бохт.

Ҳамин тариқ, ду дзюдочии тоҷик ба мусобиқаи ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ ворид гардида, ҳар кадоме 60 имтиёзӣ касб намуданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.