Коҳиши назарраси камбуди ҳамасолаи барқ дар Тоҷикистон

Date:



Камбуди солонаи барқ дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир аз 4,5 млрд. то 1,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфт.

Сардори хадамоти диспетчерии ширкати Барқи тоҷик Одинамаҳмад Чоршанбиев зимни нишасти хабарӣ дар ин робита гуфт, ин дар навбати аввал ба коҳиши ҳаҷми истифодаи барқ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» вобаста буда, солҳои охир ТАЛКО ҳаҷми истифодаи барқро ба миқдори 60% кам кардааст.

Ғайр аз ин, идома дод Чоршанбиев, тайи солҳои ахир дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва як қатор иқтидорҳои нисбатан камтар ба кор даромаданд, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли барқ ва мутаносибан коҳиши камбуди он мусоидат намуданд.

Намояндаи ширкат таъкид намуд, ки дар баробари ин ҳамасола талабот ба барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 16-18% меафзояд. «Масалан, якчанд сол дар Душанбе шабонарӯзӣ 5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мешуд. Дар мавсими ахири тирамоҳу зимистон бошад, дар пойтахт шабонарӯзӣ ба ҳисоби миёна 16 млн. кВт/соат барқ масраф мегардид ва ин тамоил дар тамоми манотиқи кишвар ба мушоҳида мерасад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон дар воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 6,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, беш аз 6,7 млрд. кВт/соати он ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҳудуди 84 млн. кВт/соат ба марказҳои барқу гармидиҳӣ рост меоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...