Ҳаракати нақлиёт тариқи яке аз хиёбонҳои марказии пойтахт маҳдуд мешавад

Бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмир, аз рӯзи якшанбе ҳаракати нақлиёт тариқи яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе – хиёбони Исмоили Сомонӣ (собиқ хиёбони Путовский) маҳдуд мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, таъмири роҳ аз Кохи президенти Тоҷикистон то муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи омодагии шаҳр ба нишасти моҳи […]



Бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмир, аз рӯзи якшанбе ҳаракати нақлиёт тариқи яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе – хиёбони Исмоили Сомонӣ (собиқ хиёбони Путовский) маҳдуд мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, таъмири роҳ аз Кохи президенти Тоҷикистон то муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи омодагии шаҳр ба нишасти моҳи сентябри сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай сурат мегирад. «Ҳаракати нақлиёт дар ин қитъаи роҳ муддати 10-12 рӯз маҳдуд карда мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки таъмири роҳ марҳила ба марҳила анҷом дода шуда, имрӯз роҳи як қисмати хиёбон – аз Кохи президент то бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёт баста аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.