Муддати чор соли оянда Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавассути сандуқи мавҷудаи лоиҳаҳо ва ҳамчунин сармоягузориҳои нав ба бахшҳои маориф, таъминот бо об ва санитария, обёрӣ, нақлиёт ва идоракунии молияи давлатӣ мусоидат мекунад. Дар ин бораи дар
Стратегияи
дастгирии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар давраи солҳои 2015-2018 маълумот дода мешавад.
Дар ин давра Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин тариқи баргузор намудани таҳлил ва қарздиҳӣ ба ҳадафҳои рушд, ба Тоҷикистон кумак расонидан дар амалисозии ислоҳоти сохторӣ дар бахшҳои энергетика ва молия ба хотири ҳавасмандсозии рушди бештар фаъолро низ тарҳрезӣ намудааст.
Зикр мегардад, ки Стратегияи нав ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон тавассути тавсеъаи имконот барои бахши хусусӣ, гурӯҳҳои камбизоат ва осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 1993 Тоҷикистон ба узвияти Бонки ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 955 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.



