Кӯлоб: Бензин 10%-у роҳкиро якбора 100% қимат шуд

Нархи бензини аз ҳама серхаридору писандидаи навъи АИ-92 имрӯз дар Кӯлоб аз 5,3 сомонии қаблӣ то ба 5,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт. Коршиносони маҳаллӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иброз намуданд, ки тамоили болоравии нархи бензин муддати якуним моҳи ахир тадриҷан идома дорад. Ба гуфтаи онҳо, қабл аз моҳи Рамазон арзиши 1 […]



Нархи бензини аз ҳама серхаридору писандидаи навъи АИ-92 имрӯз дар Кӯлоб аз 5,3 сомонии қаблӣ то ба 5,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт.

Коршиносони маҳаллӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иброз намуданд, ки тамоили болоравии нархи бензин муддати якуним моҳи ахир тадриҷан идома дорад.

Ба гуфтаи онҳо, қабл аз моҳи Рамазон арзиши 1 литр бензини навъи АИ-92 ба 4,6 сомонӣ баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, дар 5 нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории шаҳр ба хабарнигори «Азия-Плюс» кормандон ин вазъро чунин шарҳ доданд, ки сӯзишворӣ бо нархи баланд ба шаҳр ворид мешавад ва дафтари кории асосии ширкатҳои онҳо дар пойтахт фаъолият доранд.

Қобили зикр аст, ки ронандагони автомашинаҳои машғул ба мусофиркашонӣ фавран аз ин вазъ истифода бурда, арзиши роҳкиро барои як нафарро аз 1 сомонӣ то ба 2 сомонӣ боло бурданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.