Оғози Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо миёни наврасон дар Душанбе

Рӯзи 7-уми август дар Душанбе мусобиқоти Чемпионати XI-уми ҷаҳон миёни наврасон ва VI-ум миёни собиқадорон оид ба таэквон до (ИТФ) оғоз мегардад. Мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, шоми рӯзи 7-уми август дар ҳамон ҷо маросими расмии ифтитоҳи чумпионат доир мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории нахустин мусобиқаи чемпионати ҷаҳон дар […]



Рӯзи 7-уми август дар Душанбе мусобиқоти Чемпионати XI-уми ҷаҳон миёни наврасон ва VI-ум миёни собиқадорон оид ба таэквон до (ИТФ) оғоз мегардад.

Мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, шоми рӯзи 7-уми август дар ҳамон ҷо маросими расмии ифтитоҳи чумпионат доир мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории нахустин мусобиқаи чемпионати ҷаҳон дар таърихи кишвар 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда, ҳамчунин хизматгузориҳои зиёди имтиёзнок ё ройгонро пешниҳод мекунад. Ғайр аз ин, Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони худ барои дар сатҳи зарурӣ баргузор шудани чемпионат боз 400 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот мекунад.

Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба таэкон-до (ИТФ) дар Душанбе беш аз 600 нафар варзишгарон аз 52 кишвари дунё иштирок мекунанд. Тоҷикистонро 43 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд, ки 20 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар Чемпионати ахири Осиё оид ба таэквон-до (ИТФ) дар Непал дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гирифтани 23 медали итлло шарафёб гардида буд. Давоми 20 сол Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Тоҷикистон аз рӯи ин навъи варзиш 36 чемпиони ҷаҳон ва 35 устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ омода кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.