Чорабиниҳои ҷашнии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва 600-солагии классики адабиёти тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ҲХДТ ба баргузории як силисила чорабиниҳо дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон оғоз намуд. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл бо иштироки муовини аввали раиси […]

Аваз Юлдошев



Ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва 600-солагии классики адабиёти тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ҲХДТ ба баргузории як силисила чорабиниҳо дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон оғоз намуд.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл бо иштироки муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ва мудири иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Ҷомӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шоири машҳури тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ конфронси илмӣ доир гардид.

«Дар кори конфронс адибону шоирони шинохтаи кишвар, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аҳли ҷомеа ширкат варзида, дар маркази ноҳия бо мусоидати бахши ҲХДТ корхонаи хурди ҳунарҳои мардумӣ мавриди истифода қарор гирифт», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки шомгоҳон дар боғи фарҳангу истироҳати ноҳияи Ҷомӣ шоми наср, намоишгоҳи дастовардҳои ноҳия баргузор шуда, имрӯз низ чорабиниҳои аз ҷониби ҳизб ташкилшуда идома меёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.