Вазири эронӣ: Мансабдорон ба Занҷонӣ дар интиқоли 2,7 млрд. $ ба Тоҷикистон кумак карданд

Вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангана изҳор намуд, ки замони раҳбарии ҳукумати пешинаи Эрон Бобак Занҷонӣ беш аз 2,7 млрд. доллари ИМА-ро ба бонки сохтаи худаш дар Тоҷикистон интиқол додааст. Бино ба иттилои хабаргузории «ИРНА» , вазир қайд кардааст, ки ин воситаҳоро Бобак Занҷонӣ бо имзои якчанд вазирон ва раиси Бонки марказӣ замони ҳукмронии Маҳмуди […]

ASIA-Plus



Вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангана изҳор намуд, ки замони раҳбарии ҳукумати пешинаи Эрон Бобак Занҷонӣ беш аз 2,7 млрд. доллари ИМА-ро ба бонки сохтаи худаш дар Тоҷикистон интиқол додааст.

Бино ба иттилои хабаргузории

«ИРНА»

, вазир қайд кардааст, ки ин воситаҳоро Бобак Занҷонӣ бо имзои якчанд вазирон ва раиси Бонки марказӣ замони ҳукмронии Маҳмуди Аҳмадинажод гузаронидаааст.

Вазир таъкид доштааст, ки яккаву танҳо ин амалро роҳандозӣ кардан ғайриимкон буда, бар ин назар аст, ки дар ин кор ба Занҷонӣ собиқ мансабдорон кумак кардаанд.

Ёдовар мешавем, тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабри соли 2013 дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Бино ба маълумоти ВАО-и Эрон, Занҷонӣ дороии худро аз фурӯши нафти хом тариқи ширкатҳои пинҳонӣ ба даст овардааст. Дар ин робита ИМА ва Иттиҳоди Аврупо тоҷири эрониро барои риоя накардани таҳримҳои ҷоришуда нисбати Эрон ба «рӯйхатҳои сиёҳ»-и худ шомил сохтанд. Б. Занҷонӣ соҳибкори муваффақест, ки 64 корхонаи ӯ дар кишварҳои Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз “Kont Investment Bank” ҳамчунин соҳиби имтиёзи ширкатҳое чун “Asian Express Airline”, Kont Buil-ding, “Asian Express” аст ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои онҳо ба шумор мераванд.

Қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарии ҷамъбасти фаъолият дар соли 2013 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Шинринов дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки Бонки милли Тоҷикистон ба қазияи тоҷири маъруфи эронӣ Бобак Занҷонӣ

ҳеҷ рабте надорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.