Назарбоев кишварашро сармоягузори асосии Тоҷикистон номид

Имрӯз зимни қабули эътимодномаҳо аз сафирони тозатаъини як қатор кишварҳои хориҷӣ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор кард, ки Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратӣ ва сармоягзори асосии Тоҷикистон гаштааст. «Қазоқистон Тоҷикистонро шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ шуморида, мо шарики бузурги тиҷоратӣ ва сармоягузори асоси ин кишвар мебошем. Имрӯз ҳаҷми сармоягузории Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз […]

ASIA-Plus



Имрӯз зимни қабули эътимодномаҳо аз сафирони тозатаъини як қатор кишварҳои хориҷӣ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор кард, ки Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратӣ ва сармоягзори асосии Тоҷикистон гаштааст.

«Қазоқистон Тоҷикистонро шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ шуморида, мо шарики бузурги тиҷоратӣ ва сармоягузори асоси ин кишвар мебошем. Имрӯз ҳаҷми сармоягузории Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 125 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар Тоҷикистон ҳудуди 40 корхона бо иштироки сармояи Қазоқистон фаъолият доранд. Сарфи назар аз ин, афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ва густариши бахшҳои ҳамкорӣ зарур аст», – гуфтааст Назарбоев.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон, Назарбоев қайд кардааст, ки кишвараш бо Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба дар бахшҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмон ва саноати хӯрокворӣ манфиатдор аст.

Қобили зикр аст, ки дар баробари сафирони дигар кишварҳои хориҷӣ, имрӯз сафири нави Тоҷикистон дар Қазоқистон Назирмад Ализода низ ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эътимоднома супурд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.