Мусоидати USAID ба беҳбуди таъмини Тоҷикистон бо ғизо

Бо мақсади дастгирӣ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Хазинаи Кӯдакони СММ ЮНИСЕФ  ҳамчун яке аз ташкилкунандагон ва сарпарастони ташаббус оид ба баланд бардоштани сатҳи озуқаворӣ (SUN) ба оғози иқдоми мазкур тавассути баргузор намудани семинар дар таърихи 11 августи соли ҷорӣ мусоидат намуд. Тавре аз сафорати ИМА […]

ASIA-Plus



Бо мақсади дастгирӣ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Хазинаи Кӯдакони СММ ЮНИСЕФ  ҳамчун яке аз ташкилкунандагон ва сарпарастони ташаббус оид ба баланд бардоштани сатҳи озуқаворӣ (SUN) ба оғози иқдоми мазкур тавассути баргузор намудани семинар дар таърихи 11 августи соли ҷорӣ мусоидат намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, инчунин созмонҳо оид ба рушд аз ҷумла Барномаи ҷахонии озуқаворӣ (WFP) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  (WHO), намояндагони бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар семинари мазкур бо мақсади беҳтар дарк намудани мафҳуми ташаббус оид ба баланд бардоштани сатҳи озуқаворӣ (SUN) ва оғоз бахшидан ба барномаи бисёрҷанбаи озуқаворӣ дар Тоҷикистон, иштирок намуданд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндаи ташаббуси зикргардида доктор Лола Бобоҳоҷиева чорабинии мазкурро кушода, муҳимияти нақши озуқавориро дар беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак ҳамчун омили асосӣ қайд намуданд.

Сафири ИМА хонум Сюзан Эллиотт дар суханронии хеш зарурати ҷалб намудани бахшҳои мухталиф дар баланд бардоштани сатҳи озуқаворӣ  ва таъсири иктисодии ғизои номуносибро дар рушди миллӣ зикр намуд. «Барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар соҳаи озуқаворӣ ва амнияти он, нақши давлат дар рушди соҳаи тандурустӣ, гузаронидани чорабиниҳо мартуб ба таъмини амнияти озуқаворӣ , рушди хоҷагии кишлок, иштироки қавии бахши хусусӣ ҷалби шарикони ва истифодаи кӯшишу талошҳо мухталиф. хеле мухим аст.»

Семинари баргузоргардида намояндагони котиботи ташаббус оид ба баланд бардоштани сатҳи озуқаворӣ  (SUN) инчунин намояндагони давлатҳои Непалу Кирғизистонро, ки ташаббуси мазкур дар ончо дар самти ба роҳ мондани фаъолияти бахшҳои мухталиф нисбат ба мушкилоти норасоии ғизо ба дастовардҳои назарас ноил гардида буданд, ба ҳам овард..

Аз давраи шомил гардидани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаббуси зикргардида моҳи сентябри соли 2013, семинари мазкур нахусти рӯйдоди муҳимест, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баргузор гардидааст. Аз соли 2010 то инҷониб 53 давлат ба ин ташаббус шомил шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.