Гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон таҳти раҳбарии узви КМИР Зиё Раҳмон дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол бо фарогирии аъзои имконпазири комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор кард.
Қобили зикр аст, ки корҳои ташкили интихоботи парлумонии зимистони соли оянда маҳз ба дӯши аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ вогузор мегардад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки иштирокчиёни семинар тағйироту иловаи тасдиқшуда ба дастурҳо «Дар бораи комиссияҳои интихоботии қитъавӣ», «Дар бораи комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ», «Дар бораи номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон», «Дар бораи тартиби баррасии арзу шикоят», «Дар бораи ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоби аъзои палатаи болоии парлумон» ва «Дар бораи санҷиши сатҳи дониши забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор доданд.
«Ғайр аз ин, дар семинарҳо тағийроту иловаи нави марбут ба қонунгузории интихоботи кишвар, аз қабили кам шудани гаравпулии интихоботӣ, манъи раёсати намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, тартиби пур кардани протоколҳо низ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд», – иброз дошт Додоев.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар як вақт бо интихобот ба палатаи поёнии парлумон сурат мегирад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.



