Дар Душанбе аксияи «Биёед китоб мехонем» доир гардид

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакии пойтахт аксияи «Биёед китоб мехонем» доир гардида, дар ҷараёни он беш аз 1000 нусха асарҳои бадеӣ миёни ҷавонон тақсим карда шуд. Роҳбари маркази таҳлили Кумитаи мазкур Ҷалолиддин Нуров ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом ба […]

Меҳрангез Турсунзода



Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакии пойтахт аксияи «Биёед китоб мехонем» доир гардида, дар ҷараёни он беш аз 1000 нусха асарҳои бадеӣ миёни ҷавонон тақсим карда шуд.

Роҳбари маркази таҳлили Кумитаи мазкур Ҷалолиддин Нуров ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом ба хотири тарғиби китобхонӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон пеш гирифта шудааст.

«Мутолиаи китоб ба шахс донишу ғизои маънавӣ дода, ӯро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия мекунад, вале имрӯз дар робита бо рушди технологияҳои иттилоотӣ, таваҷҷуҳи ҷавонон ба китобхонӣ коҳиш ёфтааст, ки метавонад ба дастнорасии як қисмати ҷомеа ба дониш боис гардад», – иброз дошт ӯ.

Раиси Куммтаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Рустам Абдуллозода дар навбати худ зикр кард, ки хоҳишмандони китобҳоро метавонанд ба шуъбаҳои кумитаи ҷавонон дар маҳалҳо супоранд ва китобҳои ҷамъоваришуда ба китобхонаҳои ноҳияҳои дурдаст, муассисаҳои ислоҳӣ ва қисмҳои низомии кишвар фиристода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат