Аз пагоҳ ташрифи меҳмонони воломақом ба Душанбе оғоз мегардад

Тоҷикистон ба истиқболи меҳмонони воломақоми кишварҳои хориҷӣ омода аст. Ду нафари онҳо – сарони кишварҳои Эрону Чин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Ҳамин тариқ шоми рӯзи 9-уми сентябр сафари расмии президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон оғоз мегардад, ки нахустин сафараш ба Тоҷикистон ба ҳайси сарвари давлати Эрон мебошад. Субҳи рӯзи 10-уми сентябр […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Тоҷикистон ба истиқболи меҳмонони воломақоми кишварҳои хориҷӣ омода аст. Ду нафари онҳо – сарони кишварҳои Эрону Чин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Ҳамин тариқ шоми рӯзи 9-уми сентябр сафари расмии президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон оғоз мегардад, ки нахустин сафараш ба Тоҷикистон ба ҳайси сарвари давлати Эрон мебошад.

Субҳи рӯзи 10-уми сентябр маросими расмии вохӯрии сарони  кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, гуфтушуниди «як ба як»-и онҳо ва мулоқоти ҳайати васеъи кишварҳо ва ҳамчунин маросими имзои санадҳои дуҷониба доир мегардад.

Ҳамчунин дар Душанбе вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар назар аст. Президенти Эрон ҳамчунин бо Раиси палатаи поёнии палумон ва Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад. Санаи 11-уми сентябр Рӯҳонӣ бо намояндагони аҳли улуми Тоҷикистон мулоқот карда, рӯзи 12-уми сентябр аз Душанбе ба ватан бармегардад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи 11-уми сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, аммо барномаи сафари расмии ӯ санаи 13-уми сентябр оғоз мегардад. Рӯзи 13-уми сентябр дар «Кохи миллат» маросими расмии вохӯрии сарони  кишварҳои Тоҷикистону Чин, гуфтушуниди «як ба як»-и онҳо ва мулоқоти ҳайати васеъи кишварҳо ва ҳамчунин маросими имзои санадҳои дуҷониба доир мегардад. Си Ҷинпин ҳамчунин бо Раиси палатаи поёнии палумон ва Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маросими анҷоми сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва оғози сохтмони навбати дуюми ин марказ иштирок мекунад. Ҳамчунин ӯ дар маросими оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ – Чин» низ ширкат хоҳад варзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.