Муаррифии мусаввараи «Боғи дӯстӣ» дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи 9-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии мусаввараи «Боғи дӯстӣ» ба муносибати сафари нахустини давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон баргузор шуд. Муаллифи мусаввара рассом Фаридун Зода асарашро ба Китобхонаи миллии кишвар ҳадя намуд. Мусаввараи «Боғи дӯстӣ» муддати қариб ним сол офарида шуда, дӯстии чандинсараи мардуми Тоҷикистону Чинро таҷассум менамояд. […]



Рӯзи 9-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии мусаввараи «Боғи дӯстӣ» ба муносибати сафари нахустини давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон баргузор шуд. Муаллифи мусаввара рассом Фаридун Зода асарашро ба Китобхонаи миллии кишвар ҳадя намуд.

Мусаввараи «Боғи дӯстӣ» муддати қариб ним сол офарида шуда, дӯстии чандинсараи мардуми Тоҷикистону Чинро таҷассум менамояд.

Қобили зикр аст, ки баҳори соли 2006 дар наздикии шаҳри Пекин ба бунёди боғи зардолу аз 125 дарахти навъҳои «Мирсанҷалӣ» ва «Бобоӣ» асос гузошта шуд. Аз ҳамон замон дар мавсими ба гулкунӣ даромадани дарахтон дар фасли баҳор ҳамасола ҷашнвора гузаронида мешавад, ки дар муддати кӯтоҳе ба ҷашнвораи байнулмилалӣ табдил ёфт. Тобистон меҳмонон дар ҷамъоварии ҳосил дарахтони боғ иштирок мекунанд.

Фаридун Зода соли 1958 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, мактаби махсуси назди академияи ба номи Суриков ва сипас худи академияро хатм намудааст. Айни замон ӯ дар шаҳри Линколн, иёлати Небраскаи ИМА иқомат дорад. Дорандаи ҷоизаҳои якчанд озмунҳои байнулмилалии рассомони касбӣ аст. Асарҳои рассом дар осорхонаҳои зиёди Русия, Чин, ИМА ва Аврупо ва маҷмӯаҳои шахсӣ маҳфузанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.