Огоҳии БДА аз маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои пойтахт

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ 10 сентябри соли равон аз соати 08.30 то 09.30, аз 11.00 то.12.00 ва аз соати 17.00 то 18.00 дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то хиёбони Рӯдакӣ-Майдони 800-солагӣ, кӯчаи Ҷ.Икромӣ то кӯчаи Шероз ва […]



Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ 10 сентябри соли равон аз соати 08.30 то 09.30, аз 11.00 то.12.00 ва аз соати 17.00 то 18.00 дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то хиёбони Рӯдакӣ-Майдони 800-солагӣ, кӯчаи Ҷ.Икромӣ то кӯчаи Шероз ва хиёбони И.Сомонӣ то Сино муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Раёсати БДА ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки дар арафаи гузаронидани ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 11 сентябри соли равон  аз соати 06.00 то 12.00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Ахмади Дониш-Мастонгулов бо кӯчаи Садриддин Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов, хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Низомии Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев  мaҳдуд карда мешавад.

Ҳамчунин соати 18.00 то 19.00 ва аз соати 20.00 то 21.00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Сомонӣ-Сино то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Карамов  мaҳдуд карда мешавад.

Рӯзи 12 сентябр  аз соати 09.00 то 10.00 аз чорроҳаи хиёбони Рӯдаки-Карамов то хиёбони Рӯдаки-Исмоили Сомонӣ ва аз хиёбони Исмоли Сомонӣ – Рӯдакӣ то ҳаракати давродаври хиёбони Исмоили Сомонӣ-Сино то соати 17.00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.

Аз соати 16.00 то 17.30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Айнӣ, Аҳмади Дониш ва Мастонгулов муваққатан мaҳдуд карда мешавад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати зарурияти ҷиддӣ надоштан, ҳаддалимкон аз истифодаи нақлиёт дар рӯзҳои номбурда худдорӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.